Қазоқистон рекорддори омори худкушӣ дар Осиёи Марказӣ
Бар асоси омори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, дар Осиёи Марказӣ бештарин худкушиҳо дар соли гузашта дар Қазоқистон ва камтарин теъдоди худкушӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар матлаби таҳлилии ахири худ, омори худкушӣ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Осиёи Марказиро эълом кард.
Дар ин гузориш коршиносони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ теъдоди худкушиҳоро бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти кишварҳо ва бар асоси омори ҷамъиятии соли 2016, арзёбӣ кард.
Болотарин шохиси худкушӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон сабт шудааст ба тавре, ки дар ин кишвари 17 миллионӣ беш аз 3 ҳазору 800 нафар худкушӣ карданд ва ин омор дар ҳоли афзоиш аст.
Дар рутбаи баъдӣ Қирғизистон бо шаш миллион нафар ҷамъият ва 500 мавриди худкушӣ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар Узбакистон 31 миллионнафарӣ беш аз ду ҳазору 300 мавриди худкушӣ сабт шудааст.
Дар Туркманистони 5.6 миллионӣ, 356 мавриди худкушӣ рух додааст ва дар Тоҷикистон бо 8.7 миллион нафар ҷамъият (бинобар иттилооти ҷамъиятии соли 2016), камтарин теъдоди худкушӣ, яъне 217 маврид сабт шудааст.
Тибқи гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ далели аслии худкушиҳо дар Осиёи Марказӣ аст.