Июл 01, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Тағйири раванди судури раводид дар Қазоқистон

Вазорати дохила ва умури хориҷаи Қазоқистон бо ҳамкории якдигар аз имрӯз якшанбе (аввал июл) равиши сабти ҷадиди даъватнома ва судури раводидро дар ин кишвар иҷро мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар равиши сабти ҷадид, муддати таҳвили даъватномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои вуруд ба Қазоқистон то панҷ рӯз коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин, муддати таҳвил 14 рӯз буд.

Дар раводиди ҷадид, ба мақсади ҳаракати шаҳрвандони хориҷӣ дар Қазоқистон ва маҳали иқомати онон дар ин кишвар низ ишора хоҳад шуд.