Ибрози нигаронии нахуствазири Узбакистон аз пайгирии давлати Душанбе барои сохти нерӯгоҳи Роғун
(last modified 2016-07-20T06:30:12+00:00 )
Июл 20, 2016 11:30 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии нахуствазири Узбакистон аз пайгирии давлати Душанбе барои сохти нерӯгоҳи Роғун

Нахуствазири Узбакистон дар паёме ба ҳамтои тоҷикаш бо ибрози нигаронӣ дар бораи идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун гуфтааст: Бештари созмонҳои байналмилалӣ муътақиданд, ки сохти ин нерӯгоҳ таҳдиде барои Узбакистон ва дигар кишварҳои поиндасти Осиёи Марказӣ аст.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон рӯзи гузашта бо ирсоли паёме ба Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз барномаи давлати Душанбе барои пайгирии сохти нерӯгоҳи Роғун бори дигар ибрози нигаронӣ кард.

Мирзиёев дар ин паём тасреҳ кард: Бештари созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ муътақиданд, ки сохти ин нерӯгоҳ бар рудхонаҳои фаромарзӣ таҳдиде барои Узбакистон ва дигар кишварҳои поиндасти Осиёи Марказӣ аст.

Нахуствазири Узбакистон афзуд: Тоҷикистон аз тамоми таҳдидҳои зистмуҳитӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин тарҳ иттилоъ дорад ва иллати ҳамкорӣ накардани Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини молии ин тарҳ низ иттилоъ аз хатарҳои ин нерӯгоҳ барои кишварҳои минтақа аст.

Мирзиёев таъкид кард: Тарҳи ҷадиди нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун бо садди 335 метрӣ дар минтақаи кӯҳистонии зилзилахез хатарнок аст ва пешбинии 3 миллиарду 900 миллиони доллар низ барои иҷрои ин тарҳ кофӣ нест ва дар оянда камбуди буҷети он ҳам мушкилотеро барои минтақа эҷод хоҳад кард.

Нахуствазири Узбакистон дар поён тасреҳ кард: Тоҷикистон бо сохти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии кӯчак рӯи рудхонаҳои мухталиф низ метавонад мушкили энержии худро бартараф кунад.  

Нахуствазири Узбакистон дар ҳоле ин паёмро ба мақомоти Душанбе ирсол кардааст, ки ба тозагӣ Тоҷикистон бо ширкати италияии «Salini Impregilo» барои такмили нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун қарордод бастааст .

Барчасп