Эҳтимоли маҳрум шудани Тоҷикистон аз воридоти гандуми Қазоқистон
Бо тасмими давлати Қазоқистон барои содироти орд ба ҷойи гандум, Тоҷикистон, ки яке аз умдатарин воридкунандагони ин маҳсул аст, мумкин аст аз гандуми Қазоқистон маҳрум шавад.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, мақомоти давлати Қазоқистон эълом кардаанд, ки ба далели вуҷуди зарфияти кофӣ барои коркарди гандум дар ин кишвар, дар оянда содироти ин маҳсул ба хориҷ мамнуъ ва танҳо дар шакли орд имконпазир хоҳад буд.
Дар Қазоқистон теъдоди зиёде аз корхонаҳои орд вуҷуд дорад, ки аз зарфияти орд кардани 20 миллион тон гандум дар сол бархурдоранд.
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон дар солҳои ахир воридоти ордро аз Қазоқистон коҳиш ва воридоти гандум аз ин кишварро афзоиш додааст то заминаи иштиғоли шаҳрвандони хешро дар корхонаҳои орд фароҳам созад.
Аз сӯйи дигар, қимати ҳар як тон гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ба маротиб камтар аз қимати орди воридотӣ аз ин кишвар аст.
Дар се моҳи нахусти имсол воридоти орд ба Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳашт ҳазор тон коҳиш ва воридоти гандум 36 ҳазор тон афзоиш ёфта буд.
Дар ин муддат аз Қазоқистон 22 ҳазор тон гандум ба маблағи беш аз 39 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар солҳои гузашта Тоҷикистон аз Қазоқистон бештар орд ворид мекард, аммо акнун ба далели арзон будани қимати гандум ва фароҳам будани имкони орд кардани он дар корхонаҳои дохилии Тоҷикистон талош мешавад, ки бештар гандум ворид шавад.
Дар маҷмуъ дар соли 2017 Тоҷикистон аз хориҷ ба мизони як миллиону 14 ҳазор тон гандум ба қимати ҳар тон 195 доллар ворид кард, аммо қимати ҳар тон орди воридотӣ ба Тоҷикистон дар соли 2017 ба 248 доллар расидааст.
Дар ҳоли ҳозир қимати як кисаи 50 килоии орди Қазоқистон дар бозорҳои Тоҷикистон 155 сомонӣ аст.