Октябр 29, 2018 17:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ниҳодҳои амниятии ИДМ бар тақвияти мубориза бо терроризм

Раисони ниҳодҳои амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар нишасти Алмаато, бар тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар бахши мубориза бо терроризм таъкид карданд.

Бар асоси эъломи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар ҷараёни ин нишаст, масоиле дар заминаи афзоиши ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амалии ниҳодҳои амниятии ИДМ барои муқобила бо чолишҳои муосир баррасиӣ шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин нишаст мақомҳои Шӯрои амнияти миллии ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Кумитаи амнияти миллии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон бар лузуми ташдиди ҳамкорӣ дар ҳавзаи мубориза бо терроризм, гурӯҳҳои табаҳкории байналмилалӣ ва амнияти сайберӣ таъкид карданд.

Ноамниҳои билқуваи ношиӣ аз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи муҳиммтарин чолишҳои ИДМ қаламдод мешавад. Ба ҳамин далел, раҳбарони кишварҳои узв, ҳамаи талошҳои худро бо ҳадафи пешгирӣ ё раҳҳои аз вазъияти ҷорӣ бакор гирифтаанд. Таҷрибаи чандсоли гузашта ин воқеиятро исбот кардааст, ки муқобилаи ҷудогонаи кишварҳои узви ИДМ барои аз кор андохтани дастгоҳи азим ва қудратманди ҷараёни терроризми воридотӣ бавижа ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, короии чандоне наметавонд дошта бошад. Ба ҳамин далел аст, ки раисони ниҳодҳои амниятии ИДМ дар нишасти Алмаато бар тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар бахши мубориза бо терроризм таъкид карданд. Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз коршиносон, ИДИ-ро нотавон ва нокоромад медонанд.

Ба унвони мисол, Фарҳод Иброҳимов, коршиноси улуми сиёсии Академияи миллии улуми Русия бо ишора ба вазъияти феълии ИДМ, гуфт: "ИДМ бистари хубе барои баррасии масоили муштарак аст, аммо ин ниҳоди минтақаӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Бавижа, ки ба мурури замон нақши ин созмон камранг шудааст ва аъзои он вазоифи худ дар чорчӯби ин ниҳодро ба хубӣ ифо намекунанд".

Ба иборати дигар, раҳбарони кишварҳои узви ИДМ, дар чорчуби ин созмон авлавияте барои ҳамкориҳои муштарак қоил нестанд. Як намуна аз ин амр метавон ба ҳузур наёфтани раисиҷумҳури Туркманистон дар нишасти ахири сарони ин иттиҳодия ишора кард, ки ба далели ҳузур дар нишасти Созмони милал, раёсати ин иттиҳодияро ба вазири умури хориҷаи Туркманистон вогузар кард. Ба ҳар ҳол, ба рағми имконоти ИДМ барои ҳамкориҳои муштарак, ин ҳамкориҳо ба далели навоқиси ҷорӣ, токунун ба сурати комил ва ҷомеъ шакл нагирифтааст. Кишварҳои узви иттиҳодия тайи ҳамаи 27 соле, ки аз умри ин сохтори байналмилалӣ сипарӣ шудааст, ба далели аввлавиятҳое назири масоили амниятӣ ва эҷоди инсиҷоми сохторӣ миёни аъзо, бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба рағми ҳамаи аҳаммияти худ мағфул воқеъ шудаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи бисёри коршиносони сиёсӣ, ин кишварҳо чунончӣ аз ибтидои шаклгирии ИДМ, ба навъе ҳамаҷониба нигарӣ дар чорчуби ин иттиҳодияро дар дастури кор қарор медоданд, дар заминаи муқобила бо ҷараёнҳои ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва такфирӣ ва террористӣ метавонистанд, муваффақтар амал кунанд.