Сентябр 13, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии Узбакистон алайҳи озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ

Раҳбари ҷадиди Узбакистон озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро маҳкум кард.

Ба гузориши манобеи хабарии узбак, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури муваққатии Узбакистон дар аввалин вокуниши расмии худ нисбат ба таҳаввулоти байналмилалӣ иқдоми Пхенянро дар робита ба озмоиши ҳастаӣ маҳкум кард.

Дар ин баёния Узбакистон аз Кореяи Шимолӣ хостааст, ба иқдомоте, ки мунҷар ба ташдиди ташаннуҷ мешавад, поён дода, ихтилофоти мавҷуд дар шибҳиҷазираи Куриёро аз тариқи роҳҳои дипломатӣ ва сулҳомез ҳаллу фасл кунад. Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст, ки озмоиши силоҳи ҳастаӣ нақзи фоҳиши қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал ва таҳдиди ошкор барои амният дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Нозирон сарфи назар аз ин ки Узбакистон чӣ ҷойгоҳе дар ҳамкориҳои шибҳиҷазираи Корея дорад ва ё ин ки асосан Кореяи Шимолӣ ба унвони кишваре, ки ҷумъаи гузашта барои панҷумин бор озмоиши ҳастаии худро дар вокуниш ба сиёсатҳои хасмона ва хилофи ваъдаи Амрико дар амал ба тааҳҳудоти Вашингтон дар қиболи Пхенян анҷом дод, вокуниши раисҷумҳури муваққатии Узбакистонро ба ин рафтори Пхенян беш аз ин ки дар чаҳорчӯби сиёсати хориҷии ин кишвар арзёбӣ кунанд, фурсате барои эъломи ҳамсӯии шахси Шавкат Мирзиёев ба сиёсатҳои давлатҳои ғарбӣ медонанд; фурсате, ки дар батни худ метавонад ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбию минтақаии ҳамсӯро бо онон аз шахси Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳури пешорӯи Узбакистон дошта бошад.

Ба ибораи дигар маҳкумияти озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ аз сӯйи раисҷумҳури муваққатии Узбакистон ишораи пурмаъное ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва албатта, барои ҷомеаи ин ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад, ҳарчанд ки фурсатталабии Мирзиёев дар вокуниш ба рафтори Кореяи Шимолӣ, он ҳам се рӯз пас аз анҷоми озмоиши ҳастаии Пхенян ва дар замоне ки танишҳо дар шибҳиҷазираи Корея боло гирифтааст, маънои хоси худро дорад. Вақтшиносии Мирзиёев дар вокуниш ба мавзӯе, ки ба гуфтаи ӯ, таҳдиди ошкор барои амнияти минтақа ва ҷаҳон аст, метавонад барои ҷомеаи узбак нишоне аз ҳушёрӣ ва сиёсати мустақили раҳбари ҷадиду муваққатии Узбакистон бошад. Бахусус ба назар мерасад, раҳбари ҷадиди Тошканд бо ин вокуниш бидуни изҳори назари расмӣ бо ҷонибдорӣ ё алайҳи яке аз ду конуни қудрате, ки то кунун сиёсат хориҷии Узбакистон мутамоил ба яке аз онҳо будааст, талош кардааст, истиқлоли сиёсати хориҷии Узбакистонро дар давраи ҷадиди ҳаёти сиёсии ин кишвар ба намоиш бигузорад. Илова бар ин нияти дигари Мирзиёев аз вокуниш ба озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ соҳибии қонунӣ ва расмии курсии риёсатҷумҳури Узбакистон будааст.

Агар озмоиши ҳастаии рӯзи ҷумъаи гузаштаи Кореяи Шимолӣ "инфиҷори бомби хабарӣ"-и Пхенян дар арсаи байналамилалӣ буд, интихоби Мирзиёев дар ҳамин рӯз, пас аз истеъфои Неъматуллоҳ Юлдошев, раиси Маҷлиси миллии Узбакистон, ки мунҷар ба гирифтани курсии муваққатии раёсатҷумҳури тавассути шахси Мирзиёев шуд, "бомби хабарӣ"-и ҷомеаи Узбакистон ва ҷумҳуриҳои Осиёӣ Марказӣ буд. Акнун низ бо эъломи рӯзи чаҳоруми декабр ба унвони рӯзи баргузории интихоботи риёсатҷумҳури Узбакистон фаъолиятҳои интихоботии раёсатҷумҳури ин кишвар низ оғоз шудааст. Вокуниши Мирзиёев ба озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба таъбире метавонад аввалин иқдоми таблиғотии раисҷумҳури муваққатии Узбакистон барои интихоботи чаҳоруми декабр низ бошад. Тардиде нест, ки ин даври интихоботи Узбакистон нуқтаи атфе дар таърихи таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Узбакистон хоҳад буд, аммо ин ки оё таърих дар ин ҷумҳурӣ низ ҳамчун дигар ҷумҳуриҳои минтақа такрор хоҳад шуд ва шахсе, ки ба таври муваққатӣ зимоми умурро ба даст дорад, бо баргузории интихобот ба қудрати худ машрӯият мебахшад ва ё таҳаввулот ба гунаи дигар рақам хоҳад хӯрд, саволе аст, ки посухи он дастикам дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чандон ҳам норӯшан нахоҳад буд. Чаро ки аз ҳамакнун метавон гуфт, Мирзиёев барои соҳиб шудани курсии риёсатҷумҳури Узбакистон хез бардоштааст. Бавижа зоҳиран Мирзиёев бемайл нест, бод аз сӯйи Ғарб ба парчами сиёсати хориҷии ҷумҳурии таҳти раҳбарияш бивазад. Ҳарчанд бархе нозирони муътақиданд, ин изҳори назари зудҳангом ва маънодори Мирзиёев метавонад ба фаъолияти беш аз пеши фаъолони минтақаӣ ва бонуфуз дар Узбакистон мунҷар шавад, то муодилоти қудратро дар ин кишвар дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳури он ба нафъи худ рақам бизананд.