Март 05, 2019 18:53 Asia/Dushanbe
  • Забони чинӣ, абзори таблиғотии Пекин дар Осиёи марказӣ

Ихтисоси 10 миллиард доллар аз сӯи Чин барои омӯзиши забони ин кишвар дар Осиёи марказӣ боиси густариши забони чинӣ дар ин минтақа ва яке аз абзорҳои аслии таблиғотии Пекин шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, теъдоди алоқамандон ба ёдгирии забони чинӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфта ва иллати ин иштиёқ тавсеъаи равобити кишварҳои минтақа бо Пекин аз ҷумла дар бахши саноъат ва иқтисод аст.

Дар ҳоле, ки Пекин дар пайи омодасозии мутарҷимони ҳирфаӣ барои коркунони ширкатҳои чинии фаол дар Осиёи марказӣ аст густариши забони чинӣ дар қолиби тарҳи "як масир як камарбанд" низ барои ин кишвар аз аҳамияти вижае бархурдор аст.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон 2 муассиса, дар Қазоқистон 5 , дар Қирғизистон 4 ва дар Узбакистон низ 2 муассиса дар ҳавзаи омӯзиши забони чинӣ фаолият мекунад.

Бар асоси иттилооти Вазорати омӯзиши Тоҷикистон соли гузашта 298 донишҷу фурсате барои таҳсилоти ройгон дар Чин дарёфт карданд.

Дар ҳамин ҳол садҳо донишҷӯи тоҷикистонӣ низ дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин тибқи иттилооти Вазорати омӯзиши Чин теъдоди донишҷӯёни қазоқ дар ин кишвар дар соли 2017 ҳудуди 13 ҳазор нафар, узбакҳо 5 ҳазор ва донишҷӯёни қирғиз 11 ҳазор нафар будааст.

Аммо бархе донишҷӯён аз сифати таҳсилот дар Чин ибрози норизоятӣ мекунанд, ки аз он ҷумла метавон ба шикояти донишҷӯёни тоҷик аз сахт будани омӯзиши забони чинӣ, рафтори бади устодон ва душвор будани навиштани поённома дар ин кишвар ишора кард.

 

Барчасп