Апрел 12, 2019 20:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ҷумҳурии Узбакистон бар густариши равобит бо Афғонистон

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон бар зарурати густариши равобити дуҷониба бо Афғонистон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ таъкид кард.

Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа дар дидори Залмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар шаҳри Тошканд гуфт, Узбакистон барои тавсиаи равобит бо Афғонистон аҳамияти вижа қоил ва хостор барқарории ҳар чӣ зудтари сулҳ, таъмини амният ва субот дар Афғонистон аст.

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон ҳамчунин бар зарурати ҳамоҳангии муассири талошҳои ҷомеаи байналмилал барои кумак дар раванди сулҳ дар Афғонистон бо дар назар гирифтани нақши аслии афғонҳо таъкид кард.

Дар ҳамин пайванд, Залмай Халилзод бо Абдулазиз Комилов вазири умури хориҷаи Узбакистон низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар бораи авзои Афғонистон ва чашмандози раванди сулҳ дар ин кишвар низ баҳс ва табодули назар шуд.

 

Барчасп