Шойгу: ДИИШ дар пайи нуфуз ба марказ ва ҷанубу шарқи Осиёст
(last modified Tue, 30 Apr 2019 14:00:19 GMT )
Апрел 30, 2019 19:00 Asia/Dushanbe
  • Шойгу: ДИИШ дар пайи нуфуз ба марказ ва ҷанубу шарқи Осиёст

Вазири дифои Русия гуфт, гурӯҳи ДИИШ барои тақвияти мавозеи худ дар Афғонистон ва истифода аз он ба унвони пуле барои густариш дар минтақа талош мекунад.

Ба гузориши телевизиони “Русия алявм”, Сергей Шойгу дар нишасти вузарои дифои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон гуфт, ДИИШ пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ барои густариш дар марказ ва ҷанубу шарқи Осиё талош мекунад. Вазири дифои Русия талошҳои ДИИШ барои густариши нуфузи худ дар минтақаро нигаронкунанда хонда афзуд, гурӯҳи ДИИШ дар пайи тақвияти мавозеи худ дар Афғонистон аст, то аз он ба унвони пуле барои густариш дар минтақа истифода кунад. Шоигу гуфт, аносири ДИИШ пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ ба тадриҷ дар ҳоли интиқол ба манотиқи дигаре дар марказ ва ҷанубу шарқи Осиё ҳастанд.