Тавофуқи Қазоқистон ва Узбакистон дар бораи истифодаи муштарак аз пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ
(last modified 2019-05-05T11:46:58+00:00 )
Май 05, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Қазоқистон ва Узбакистон дар бораи истифодаи муштарак аз пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ

Муовини вазири дифои Қазоқистон аз имзои тавофуқнома бо Узбакистон дар заминаи истифодаи муштарак аз пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бауржан Тортаев, муовини вазири дифои Қазоқистон рӯзи якшанбе эълом кард, вазирони дифои Қазоқистон ва Узбакистон 15-уми апрел тавофуқномаеро имзо карданд, ки бар асоси он, ду  кишвар дар заминаи истифодаи муштарак аз пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ, гириятани сӯзишворӣ ва расидагӣ ба масоили фаннӣ ва кадри нерӯи ҳавоӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Вазири дифои Қазоқистон афзуд, ки ин тавофуқнома дар чорчӯби сафари расмии Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Узбакистон ба имзо расидааст.

Барчасп