Июл 15, 2019 08:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди мақоми собиқи қирғиз аз нақши Ғарб дар бесуботсозии Осиёи Марказӣ

Молик Ҷумақулов раиси пешини иттилоотии Вазорати дифои Қирғизистон мегуяд Ғарб ба дунболи эҷоди бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ аст ва талош мекунад ин ҳадафро аз тариқи Афғонистон муҳаққақ созад.

Молик Ҷумақулов бо ишора ба ин ки Афғонистон буҳронитарин нуқтаи воқеъ дар маҳдудаи марзҳои Осиёи Марказӣ аст таъкид кард ба рағми ҳузури низомиёни амрикоӣ вазъият дар Афғонистон тағйир накардааст.

Пеш аз ин низ мақомҳои амниятии Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи мухотироти бархоста аз судури ноамнӣ ва ифротгароӣ аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба шаклҳои мухталиф ҳушдор дода буданд. Шаке нест, ки ҳузури ташаккулҳои террористӣ ва гуруҳҳои ифротӣ бо зоҳири исломӣ дар кишварҳое монанди Покистон ва Афғонистон ҳамчунон таъсири худро ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба хусус давлатҳои шиканандае монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ҷой хоҳад гузошт. Ин кишварҳо метавонанд паноҳгоҳи амне барои шаклгириҳои террористӣ монандаи ДИИШ ва гуруҳҳои ифротгаро бошанд, ки аъзои онҳо пештар дар хориҷ аз ин кишварҳо ва асосан дар Сурия ва Ироқ ҷангидаанд ва бо фунуни ифротгарӣ ошноӣ пайдо кардаанд.

Дар ин иртибот Юри Данейкинӣ коршиноси амнияти байналмиллалӣ дар хусуси  масъалаи амният дар Осиёи Марказӣ мегуяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ чандин нигаронии асосӣ дар хусуси амнияти муштараки худ доранд, ки метавон ин масоилро ба масъалаи ноамниҳои марзӣ, терроризм ва маводи мухаддир тақсим кард.

Дар айни ҳол Андрей Новиков раиси маркази зидди террористии кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ пеш аз ин таъкид кардааст, бо таваҷҷуҳ ба густариши фаолиятҳои террористии гуруҳи ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва тасмими онҳо барои вуруд ба минтақаи Осиёи Марказӣ ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо танишҳои мутааддиде ру ба руст. Ҳамакнун террористҳои ДИИШ талош мекунанд гуруҳҳои хуфта ва ҳастаҳои ғайрифаоли ДИИШро дар Осиёи Марказӣ дубора фаол кунанд.

Воқеият он аст, ки дар паи шикасти гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ва аз байн бурдан дар ин ду кишвар бозмондагони ин гуруҳи террористӣ ниёзманди маконҳои муносибе барои фаолият ҳастанд. Бо вуҷуди он ки террористҳои бозмонда аз гуруҳи ДИИШ тамоюли зиёде ба ускон дар кишварҳои ғарбӣ доранд, аммо давлатҳои ғарбӣ ба вижа Амрико талош мекунанд, то ин даста аз террористҳоро ба муҳоҷират ба минтақаи Осиёи Марказӣ тарғиб кунанд. Дар ин миён шубҳае нест, ки Афғонистон маконе муносиб барои интиқол ва ҷо ба ҷоии неруҳои ДИИШ арзёбӣ мешавад. Афғонистон беш аз 2300 километр дар шимол бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон марзи заминӣ дорад. Бар асоси охирин оморҳои мунташир шуда шумори террористҳои мустақар дар марзҳои муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон ҳафт ҳазор нафар аст. Ин террористҳо асосан вобаста ба ҷараёни ДИИШ ҳастанд, ки Амрико ва бархе аз давлатҳои ғарбӣ барои фаолсозии дубораи онҳо талош мекунад. Бадиҳӣ аст, ки ин теъдод неруи ниманизомӣ метавонад монанди як артиши қудратманд дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ифои нақш кунад. Нуфузи қудратҳои хориҷӣ ба вижа Амрико ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ дар Афғонистон муҷиб шудааст, ки вазъияти ошуфтаи амниятии ин кишвар таи чанд соли гузашта ташдид шавад. Бо таваҷҷуҳ ба рақобати Ғарб бо Русия ва Чин ва дигар давлатҳои мустақили минтақа ба назар мерасад Амрико дар паи муқобила бо рақибони худ аз тариқи судури ифротгароӣ ва терроризм ба минтақаи Осиёи Марказӣ аст.