Июл 27, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти хати оҳани Афғонистон - Туркманистон

Сохти хати оҳани 30 километрие, ки бандари “Оқина” –и Афғонистонро ба Андхуйи Туркманистон васл мекунад, оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, сохти ин хати оҳан бо ҳазинаи Туркманистон ва бо истифода аз манобеи инсонӣ ва таҷҳизоту мошинолоти ин кишвар анҷом мешавад.

Ин хати оҳан, ки қарор аст дар оянда то марзи Тоҷикистон имтидод ёбад, фурсате барои Афғонистон фароҳам мекунад то ба ҳалқаи робити муҳиме миёни каридорҳои байналмилалии ҳамлунақл дар саросари Осиёи Марказӣ табдил шавад.

Ёмо Ёрӣ, вазири муваққати нақлиёти Афғонистон гуфт, иҷрои ин хати оҳани сикилометрӣ 30 миллион доллар ҳазина дорад ва умедворем ба мавқеъ ба итмом бирасад.

Мақомоти Афғонистон ва Туркманистон дар феврали имсол ёддошти тафоҳуми сохти ин роҳи оҳанро имзо карданд.

Хати оҳани Оқина- Андхуй фурсатҳои ҷадидеро барои вуруди тавлидоти Афғонистон ба бозори ҷаҳонӣ фароҳам хоҳад кард.

 

Барчасп