Июл 30, 2019 11:14 Asia/Dushanbe
  • Роҳи ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дидорҳои ахири раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара ва шаҳри Чолпон Ата метавонад нақши муҳимме дар эътимодсозӣ миёни сокинони минтақаҳои марзии мавриди ихтилофи ин ду кишвар дошта бошад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, коршиноси Шурои равобити байналмиллали Русия дидорҳои ахири раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара ва шаҳри Чолпон Ата-ро барои эътимодсозӣ миёни сокинони минтақаҳои марзии мавриди ихтилофи ин ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Димитрӣ Миндикович бо ишора ба дидорҳои ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков гуфт, ки ин гуфтугӯҳо, ки дар ҳузури сокинони рустоҳои марзии ду кишвар анҷом шуд дар заминаи барқарории эътимоди мутақобил бисёр муҳим мебошад.

Зеро акнун ба далели афзоиши ҷамъият ва кам будани заминҳои кишт дар минтақаҳои куҳистонӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд сокинони рустоҳои ҷудо афтода аз ноҳияҳои Исфара ва Ботканд ба баҳонаҳои мухталиф даст ба бастани роҳҳои иртиботӣ мезананд, ки муҷиби муташаниҷ шудани вазъият мешавад аз ин ру бояд сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо нишон додани иродаи сиёсии қавӣ барои нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвар иқдом кунанд, то ин мавзӯъ муҷиби сӯистифодаи гуруҳҳои фурсат талаб нашавад.

Вай иқдоми Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистонро барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон намунаи ин навъи иродаи сиёсӣ унвон кард, ки Душанбе ва Бишкек низ бояд аз ин таҷриба истифода кунанд.

Дар паи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Барчасп