Июл 31, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дар масири тавсеаи тиҷорат бо Афғонистон

 Узбакистон дар масири табдил шудан ба яке аз шарикони аслии тиҷории Афғонистон аст.

Ба гузориши нашрияи “Дипломат”, Узбакистон тамаркузи худро бар тавсеаи равобити тиҷорӣ дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қарор дода ва давлати Тошканд ба пайгирӣ ва музокира дар бораи фурсатҳои тиҷории мухталиф идома дода ва кишвари Афғонистон дар ин замина ҷойгоҳи хосе доштааст.

Дар аввалин нишасти Комиссияи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодии байнидавлатӣ, ки рӯзи 17 июл (чаҳоршанбеи 26 тирмоҳ) баргузор шуд, ду тараф дар бораи шитоб бахшидан ба мубодилоти тиҷорӣ, оғози проектҳои санъатӣ ва сохти як хати ҷадиди интиқоли барқ аз Узбакистон ба Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Муҳлати эъломи барномаҳо то иҷрои онҳо дар равобити Афғонистон- Узбакистон ба мизони қобили таваҷҷуҳе кӯтоҳ будааст.

Дар ҷаласаи рӯзи 26 тирмоҳ Узбакистон музокиротеро бо Афғонистон барои эҳдои корхонаи муштараки монтажи мошин дар Кобул эълом кард.

Бино бар гузоришҳо, Узбакистон ҳайате аз ширкати “Узавто” барои амалӣ кардани ин проект ба Кобул эъзом хоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки ин ширкати мошинсозии Узбакистон ин авохир бо камбуди фурӯш ва мушкилоти молӣ даст ба гиребон буда ва қарордод бо Афғонистон метавонад роҳе барои беҳбуди вазъияти ин ширкат бошад.

Дурнамои табдили ширкати худравсозии Узбакистон ба аввалин монтажкунандаи мошин дар Афғонистон умедворкунандааст. Ин амр на танҳо нишондиҳандаи алоқамандӣ дар тарафи ӯзбакистонӣ аст, балки то ҳадде ҳикоят аз хушбинӣ дар бораи дурнамои сулҳ дар Афғонистон дорад.

Узбакистон ҳамчунин қасд дорад, ки ба унвони як кишвари транзит барои Афғонистон амал кунад. Дар пайи нишасти мазкур Тошканд як тахфифи 20 дарсадӣ барои транзити гандум ва орд аз Қазоқистон ба Афғонистон эълом кард. Орду гандум муҳимтарин маҳсули воридотии Афғонистон аст, ки 78 дарсади он аз Қазоқистон таъмин мешавад. Илова бар ин, Тошканд ҳамчунин дар ҳоли музокира барои қарор додани худ дар ҷойгоҳи қутби транзити ҳавоӣ барои содироти Афғонистон аст.

Узбакистон дар моҳи майи 2019 як минтақаи тиҷорӣ бо Афғонистон дар поёнаи Тирмиз боз кард ва дар нишасти моҳи июл низ Афғонистонро ба истифодаи фаъолтар аз ин поёна ташвиқ кард. Ҳамаи ин тарҳҳо нишон медиҳад, ки Тошканд ошкоро қасд дорад ба қутби аслии транзит барои вуруди коло ба Афғонистон ва хуруҷи коло аз ин кишвар табдил шавад.

 

Барчасп