Август 09, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳабси муваққати раисҷумҳури собиқи Қирғизистон

Додгоҳи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳукми ҳабси раисҷумҳури собиқи ин кишвар дар зиндонро то 26 –уми август содир кард.

Шаби гузашта Алмосбек Отамбоев тавассути мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар рустои Кой – Тош боздошт шуд.

Даргирии дурӯза байни тарафдорони раисҷумҳури собиқ ва ниҳодҳои амниятии Қирғизистон ба кушта шудани 2 нафар ва маҷруҳ шудани беш аз 40 нафар шуд.

Алмосбек Отамбоев ба фасоди идорӣ муттаҳам аст ва эҳтимоли ташкили парвандаи қазоии марбут ба нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва гирифтани гаравгон низ алайҳи вай вуҷуд дорад.

Ахиран намояндагони парлумони Қирғизистон ба ҳазфи масунияти сиёсии Отамбоев раъйи мусбат доданд.

Талоши давлати кунунии Қирғизистон барои ҳазфи Отамбоев аз арсаи сиёсии ин кишвар дар ҳоле аст, ки вай ба унвони ҳомии аслии Сооронбой Жеенбеков (раисҷумҳури кунунии Қирғизистон) дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017-и Қирғизистон ифои нақш кард.

Отамбоев аз декабри соли 2011 то ноябри соли 2017 раисҷумҳури Қирғизистон буд.