Август 15, 2019 14:36 Asia/Dushanbe
  • Иқдом ба кудато – яке аз иттиҳомоти дигари раисҷумҳури собиқи Қирғизистон

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба талош барои кудато дар кишвар муттаҳам шуд.

Орозбек Опомбаев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти хабарӣ дар Бишкек эълом кард: “Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишвар, ки аз ҳафтаи гузашта дар зиндон ба сар мебарад, дар ҳоли омодасозии як кудато алайҳи давлати Бишкек буд ва ман инро ба таври расмӣ эълом мекунам”.

Алмосбек Отамбоев пеш аз ин, зимни радди иттиҳомҳои воридшуда гуфта буд, Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълии Қирғизистон аз чорчӯби қонунӣ хориҷ шуда ва даргирии ахир дар рустои маҳалли зиндагиаш – “Кой Тош” натиҷаи иқдомоти вай аст ва бояд масъулияти кори худро ба ӯҳда бигирад.

Ихтилофҳои ҷорӣ миёни руасои ҷумҳурии феълӣ ва қаблии Қирғизистон яке аз аҷибтарин ва печидатарин ихтилофҳои сиёсӣ дар ин кишвар тайи солҳои пас аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 –и мелодӣ талаққӣ мешавад. Ин ихтилофҳо на танҳо фазои сиёсӣ ва ҷомеаи Қирғизистонро ба худ маътуф дошта, балки заминаҳои мудохилоти бархе аз кишварҳои ҳамсояро низ фароҳам кардааст. Бархе аз коршиносон давлати Жеенбековро ба талош барои фирорӣ додани Алмосбек Отамбоев аз Қирғизистон муттаҳам кардаанд. Ба унвони мисол,  Игор Понкратенко, муовини Маркази арзёбӣ ва пешбинии стратегии Русия ва коршиноси шинохташудаи сиёсӣ гуфтааст: “Алмосбек Отамбоевро маҷбур хоҳанд кард, ки суннати собитшударо нақз накарда ва роҳи пешинёнаш, яъне Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиевро дар пеш бигирад. Яъне фирор аз кишвар. Аммо ӯ ҷангҷӯст ва қасд надорад таслим шавад. Акнун ӯ ангезаи бештаре барои посух додан ба касе дорад, ки то дирӯз дар роҳравҳои қудрат барои ӯ зону мезад, гиря мекард, дастонашро мебӯсид ва ҳамин, ки фаҳмид ӯ ба унвони ҷонишин интихоб хоҳад шуд, қасами вафодории абадӣ хурд”.

Алмосбек Отамбоев байни солҳои 2011 то 2017 –и мелодӣ раиси ҷумҳурии Қирғизистон буд. Вай дар натиҷаи итмоми муҳлати раёсатҷумҳуриаш дар соли 2017 –и мелодӣ , қудратро ба сурати довталабона ба Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълӣ вогузор кард. Бо вуҷуди ҳимоятҳои Отамбоев аз Жеенбеков дар муқобили номзади қудратманде назири Бабанов, дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар сол 2017 –и мелодӣ, Жеенбеков пас аз пирузӣ дар интихобот, тамоми наздикон ва муттаҳидони Алмосбек Отамбоевро аз кор барканор ва равонаи зиндон кардааст.

Дар идомаи ҳамин раванд, ихтилофҳо миёни руасои ҷумҳурии собиқ ва феълии Қирғизистон аз соли гузаштаи мелодӣ расонаӣ шуд ва ба мурури замон афзоиш ёфт. Ин ихтилофот тайи як моҳи ахир ба авҷи худ расидааст ва ҳатто дар ин замина кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон хостори хештандории мақомҳои Қирғизистон шудаанд.

Маҷлиси миллии Қирғизистон дар рӯзи 17-уми июн 9 иттиҳоми асосӣ алайҳи Алмосбек Отамбоев матраҳ кард. Аз ҷумлаи ин иттиҳомҳо метавон ба фасоди молӣ ҳангоми модернизатсияи нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек, даст доштан дар озодии муҷрими бособиқае ба номи Азиз Ботикаев аз тариқи ҷаъли асноди пизишкӣ ва дигар ҷароим ишора кард. Дар ин замина, Дмитрий Орлов, коршиноси барҷастаи рус ва мудири кулли Маркази таҳлилии “Стратегияи Шарқу Ғарб” иқдомоти ахири Маҷлиси миллии Қирғизистонро як намоиши музҳик ва сирке бо асбҳо ва далқакҳо номидааст. Алалхусус, ки намояндагони Маҷлиси миллии Қирғизистон ҳамон намояндагоне ҳастанд, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Отамбоев дар маҷлис ҳузур доштанд.