Таъкиди Амрико ва кишварҳои Осиёи марказӣ бар ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ
Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бар ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ таъкид карданд.
Вазирони хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасте бо муовини вазири хориҷаи Амрико бар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии муштарак таъкид карданд.
Дафтари сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард: Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва УҚзбакистон дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон гирди ҳам омаданд ва баёнияи муштараке содир карданд, ки дар он омадааст: Давлатҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолаби C5+1 дар бораи мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ки мавриди нигаронии муштарак аст, табодули назар карданд.
Дар ин нома афзуда шудааст: Аз Амрико Дэвид Ҳейл, қоиммақоми вазири хориҷа дар умури сиёсӣ, аз Қазоқистон Бейбут Отамқулов вазири хориҷа, аз Қирғизистон Чингиз Айдарбеков вазири хориҷа, аз Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷа, аз Туркманистон Рашид Муродов вазири хориҷа ва аз Узбакистон ҳам Абдулазиз Комилов вазири хориҷа дидгоҳҳои худро дар бораи талошҳо барои тақвияти ҳимоят аз интиқолоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ иброз карданд.
Вазорати хориҷаи Амрико идома додааст: Онҳо ҳамчунин чолишҳои амниятии минтиқавиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор доданд ва дар бораи иртиқои сулҳ ва рифоҳ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гуфтугӯ карданд.