Изҳороти ҷанҷолбарангези мақоми қазоқ
Интиқоди Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон аз хонаводаҳои пурҷамъият, ба вижа заноне бо теъдоди фарзандони зиёд, вокуниши манфии мардуми ин кишварро дар пай дошт.
Изҳороти Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон дар бораи хонаводаҳои пурҷамъият бо интиқоди бисёре аз шаҳрвандон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст. Ба гуфтаи мунтақидин, ин раҳбар бо вуҷуди бархурдорӣ аз мақоми боло, мушкили қишри ниёзманди ҷомеаро дарк намекунад.
Ба гузориши ИРНА, Назарбоеви 79 сола, ки моҳи марти соли ҷории мелодӣ аз самти раисҷумҳурӣ канора гирифт, аммо ҳамчунон мақоми пешвои Қазоқистонро ҳифз кардааст, ҳафтаи пеш дар нишасти Шӯрои сиёсии ҳизби ҳоким аз хонаводаҳо, ба вижа заноне, ки фарзандони зиёде доранд, интиқод кард.
Вай дар мавриди мутолиботу дархостҳои занон барои афзоиши кумакҳои иҷтимоӣ изҳор дошт, ки “ин мушкили худи онҳо аст, на давлат”.
Назарбоев гуфт: “Ин занон тамоми муддат тақозои кумак доранд ва мегӯянд, ки мо фарзандони бисёре дорем, пас бояд ба мо кумак кунед, аммо воқеан ин мушкили худи онҳо аст. Агар аз тарафи давлат низ ба онҳо кумаке бирасад, мегӯянд, ин кумак ночиз аст, боз ҳам ба мо кумак кунед”.
Ин бори аввал нест, ки Назарбоев бо чунин лаҳне дар бораи ин мавзуъ сӯҳбат мекунад. Ӯ чанд ҳафта пеш аз канорагирӣ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ гуфта буд, ки шаҳрвандон набояд таваққуъ дошта бошанд, ки ҳамонанди даврони Шӯравӣ, ҳама чизро ҳукумат дар ихтиёри онҳо қарор диҳад”.
Назарбоев ақида дорад: “Ҳоло ки як завҷ даромадҳои худро муҳосиба мекунанд ва аз он мутталеъ ҳастанд, бояд дар бораи ҳама чиз аз теъдоди фарзандон гирифта то наҳваи тарбият ва харҷу махориҷи онҳо фикр кунанд”.
Ин изҳороти вай боиси бурузи вокунишҳои манфӣ ва эътирозоте дар Қазоқистон шудааст.
Пас аз барканории Назарбоев аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва тағйири номи шаҳри Остона ба Нурсултон ва ҳамчунин бар сари қудрат омадани Қосим Ҷомарт Тоқаев, таҷаммӯоти эътирозии густурдае дар Қазоқистон барпо шуд, тазоҳуркунандагон алайҳи он чӣ ки аз он бо унвони “интиқоли қудрат ё интихобот сурӣ” ёд мекунанд, ба эътироз пардохтанд. Дар миёни гурӯҳҳои норозӣ аз вазъияти иҷтимоӣ, модарон бо теъдоди фарзанди зиёд низ мушкилоти худро матраҳ карданд.
Пас аз ин таҷаммӯот, давлат эълом кард, ки миқдори кумакҳои иҷтимоӣ ба афроди ниёзмандро афзоиш хоҳад дод.
Норизоиятии хонаводаҳое бо теъдоди фарзандони зиёд дар Қазоқистон, моҳи феврали соли ҷории мелодӣ ба авҷи худ расид. Моҳи феврал панҷ кӯдаки як хонавода шабонгоҳ дар ҳодисае ба коми оташ фурӯ рафтанд.
Ҳукумат низ дар пайи ин ҳодиса маҷбур шуд то барномаҳое барои афзоиши маошу имтиёзҳои иҷтимоии чунин хонаводаҳо, ба вижа занонро дар дастури кори худ қарор диҳад.