Ишқобод мизбони конфронс ва намоишгоҳи байналмилалии тавсеаи санъати энержӣ
Конфронс ва намоишгоҳи байналмилалӣ бо мавзӯи “Тавсеаи санъати энержии Туркманистон” дар Ишқобод баргузор мешавад.
Ба гузориши “Форс”, ин конфронс ва намоишгоҳи байналмилалӣ бо ҳадафи муаррифии зарфиятҳои Туркманистон дар бахши энержӣ дар таърихи 12 то 14 сентябр баргузор шавад.
Мавзӯи баргузории ин маросим дар қолаби нишасти кобинаи ин кишвар баррасӣ шуд.
Шароити лозим барои ба намоиш гузоштани тавлидот ва хадамоти 120 ширкати туркманӣ ва хориҷӣ фароҳам мешавад то туҷҷор ва сармоягузорон битавонанд бо фурсатҳои мавҷуд дар Туркманистон ошно шаванд.
Давлати Туркманистон бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди манобеи табиии бузург, аз ҷумла нафту газ барои истифодаи комил аз он талош мекунанд.
Тақвияти санъати энержӣ дар барномаи тавсеаи пойдори ин кишвар қарор дорад ва пайваста конфронс ва намоишгоҳҳое бо ҳадафи ҷазби сармоя барои проектҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.