Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон
Сентябр 14, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон дар Душанбе бо якдигар дидор ва масоили марбут ба тавсиаи равобити ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба нақл аз Форс, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.
Дар ибтидои ин дидор раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба сафири Қазоқистон дар ин кишвар табрик гуфта ва дар фаъолиятҳои дипломатӣ барои вай орзуи муваффақият кард.
Тарафайн дар ин мулоқот масоили феълӣ ва дурнамои тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла масоили марбут ба тақвияти иртибототи байнипарлумониро баррасӣ карданд.
Барчасп