Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i46728-Дидори_раиси_Маҷлиси_миллии_Тоҷикистон_ва_сафири_Қазоқистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон дар Душанбе бо якдигар дидор ва масоили марбут ба тавсиаи равобити ду кишварро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 14, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон дар Душанбе бо якдигар дидор ва масоили марбут ба тавсиаи равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Форс, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ибтидои ин дидор раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба сафири Қазоқистон дар ин кишвар табрик гуфта ва дар фаъолиятҳои дипломатӣ барои вай орзуи муваффақият кард.

Тарафайн дар ин мулоқот масоили феълӣ ва дурнамои тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла масоили марбут ба тақвияти иртибототи байнипарлумониро баррасӣ карданд.