Сентябр 18, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Маркази мутолиоти иқтисодии Эрон ва Қазоқистон

Маркази мутолиоти иқтисодии Эрон ва Қазоқистон бо ҳузури вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ шуд.

Маркази мутолиоти иқтисодии Эрон ва Қазоқисон (Абурайҳон Берунӣ) бо ҳамкории Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ дар Донишгоҳи миллии Евраазияи Қазоқистон таъсис шудааст.

Муҳаммадҷаводи Озарии Ҷаҳрамӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар идомаи сафари дурӯза ба Қазоқистон аз Парки иқтисоди рақамии шҳари Нурсултон таҳти унвони "Остона-Ҳоб" боздид кард.

Вазири иртиботот ва фанноварии иттилоооти Эрон ба манзури ширкат дар иҷлоси Иттиҳодияи вузарои иртибототи кишварҳои муштаракулманофеъ рӯзи душанбе ба Қазоқистон сафар кард.

Ҳарсола иҷлос ва намоишгоҳи байналмилалӣ ва Иттиҳодияи вузарои иртибототи кишварҳои муштаракулманофекъ дар яке аз кишварҳои узв баргузор мешавад.

Барчасп