Октябр 04, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Бонки Рушди Осиё бо воми 60 миллиондолларӣ ба Узбакистон

Бонки Рушди Осиё барои сохти нерӯгоҳҳои барқт-обӣ ба зарфияти куллии 25 мегаватт дар Узбакистон, ба ин кишвар 60 миллион доллар вом эъто кард.

Ба гузориши “Форс”, Бонки Рушди Осиё гуфт, ин вом барои давлати Узбакистон имкони таъмини тавозуни энержии барқи кишварро бо таваҷҷуҳ ба баҳрабардории васеъ аз манобеи хуршедӣ ва коҳиши олудагии ҳаво фароҳам мекунад.

Синг Док Ким, коршиноси Бонки Рушди Осиё дар умури Осиёи Марказӣ ва ғарбӣ изҳор дошт, кумаки Бонки Рушди Осиё дар сохти нерӯгоҳи барқӣ - обӣ барои дастёбии Узбакистон ба аҳдофи таъмини ояндаи пойдори энержӣ кумак хоҳад кард.

Узбакистон аз манобеи таҷдидпазири ғанӣ, аз ҷумла энержии обӣ бархурдор аст. То кунун дар ин кишвар фақат 1.9 гигават ва ё 20 дарсади патенсиали энержии обии мавҷуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Бар асоси ин гузориш, ба таври куллӣ як нерӯгоҳ ба зарфияти 6 мегаватт дар Работ, як неругоҳ ба зарфияти 8 мегаватт дар Чапасуй, як неругоҳ ба зарфияти 10 мегаватт дар Томшусу ва 3 неругоҳи кӯчак ба зарфияти куллии як мегаватт эҳдос хоҳад шуд.

Арзиши куллии ин тарҳ 75 миллиону 300 ҳазор доллар аст ва барномарезӣ мешавад он то охири соли 2023 мелодӣ ба баҳрабардорӣ расад.

Бонки Рушди Осиё дар соли 1966 мелодӣ барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ, ҳамгароии минтақаӣ ва рушди пойдор дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором дар Манилаи Филиппин таъсис шудааст.

Ҳамакнун 67 кишвари ҷаҳон узви ин бонк мебошанд.