Ифтитоҳи масҷиди 85 ҳазор долларӣ дар як рӯстои Қирғизистон
Масҷиди 85 ҳазор долларӣ дар як рӯстои Қирғизистон ифтитоҳ шуд.
Масҷиди ҷомеъ ,ки ба тозагӣ дар яке аз рӯстоҳои минтақаи Моноси Қирғизистон бино шуда , 85 ҳазор доллар ҳазина дошта ва кори сохту сози он 6 моҳ пеш оғоз гардид.
Ба нақл аз Ҳавза маросими ифтитоҳияи масҷиди ҷомеъ ,ки ба тозагӣ дар рӯстои Пуркруко дар минтақаи Монос , дар устони Тарози Қирғизистон бино шуда рӯзи гузашта ,29 октиябр баргузор гардид.
Сохти ин масҷид тақрибан 6 моҳ пеш оғоз шуд ва ҳазинаи сохти он наздик ба 85 ҳазор доллар тахмин зада шуда буд. Дар идома хайирин ва ҷамъе аз афроди некукор ҳазинаи сохти масҷидро таъмин карданд.
Гуфта мешавад ин ноҳия дар Қирғизистон 143 масҷид дорад ,ки 25 бинои он дар минтақаи Монос воқеъ шудаанд. 30 дар сади масҷидҳои ин минтақа бисёр қадимӣ буда ва ба мурури замон ғайри қобили истифода шудаанд.