Баргузории нишасти вазирони дифои Ҳамсуд дар Боку
Нишасти як рӯзи вазирони дифои кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) рӯзи чаҳоршанбе 30 октябр дар Боку пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
Дар нишасти Боку вазирони дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ва низ Раимбередӣ Душенбоев раиси Ситоди кулли артшии Қирғизистон ва Сергей Лебедов раиси Кумитаи иҷроии Ҷомеаи Ҳамсуд ҳузур доштанд. Вазирони дифои кишварҳои Ҷомеаи мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) натиҷаҳои ҳамкориҳои низомӣ дар соли оянда (2020) ва низ барномаи ҳамкории низомии муштарак то соли 2025-ро баррасӣ карданд.
Бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои мустанади мунташиршуда бар асоси афзоиши ноамниҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғози Ҷанубӣ ва талошҳои бевақфаи Амрико ва муттаҳидонаш дар Аврупо барои интиқоли бозмондагони гуруҳҳои террористии шикастхурда монанди ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба ин минтақаҳо, баргузории Нишасти Шурои вазирони дифои кишварҳои узви Ҷомеаи мустақили муштаракул манофе (Ҳамсуд) дар Боку аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Ба вижа, ки ба далели рафту омадҳои сарон ва мақомҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон таи даҳ рӯзи гузашта, бар аҳамияти нишасти Боку афзудааст. Муқобила бо нуфуз ва султаи Созмони паймони Атлантики шимолӣ НАТО ва Амрико ба минтақаҳои ҳамсояи Русия дар Осиёи Марказӣ, Қафғози Ҷанубӣ, Аврупои шарқӣ ва марказӣ аз ҷумла ҳадафҳои таъсиси Ҷомеаи мустақили муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) дар рӯзи 21 моҳи декабри соли 1991 будааст. Дар тули сол нишастҳои мутаадиди ҷумҳуриҳои мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) дар кишварҳои узв баргузор мешавад. Аз ҷумла метавон ба нишастҳои сарон, Шурои вазирони умури хориҷа, дифоъ, кишвар ва ниҳодҳои амниятии ҷумҳуриҳои Ҳамсуд ишора кард.
Бар рағми аҳамияти баргузории нишастҳои Ҳамсуд, бархе маҳофили сиёсӣ ба ояндаи Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) чандон хушбин нестанд. Ба унвони мисол Фарҳод Иброҳимов коршиноси улуми сиёсии Академии миллии улуми Русия бо ишора ба вазъияти феълии Созмони Ҳамсуд гуфтааст, Иттиҳодияи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) бистари хубе барои баррасии масоили муштарак аст, аммо ин ниҳоди минтақаӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ба вижа, ки ба мурури замон нақши ин созмон камранг шудааст ва аъзои он вазифаҳои худро дар чорчуби ин ниҳод ба хубӣ ифо намекунанд.
Дар воқеъ ба назар мерасад раҳбарони бархе аз кишварҳои узви мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) дар чорчуби ин созмон авлавияте барои ҳамкориҳои муштарак қоил нестанд. Воқеият он аст, ки раҳбарони бархе аз кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) гароишҳои ғарбӣ доранд ва ба манзури ҳамгароӣ бо Ғарб ва ҳатто Созмони низомии НАТО ҳамаи талоши худро ба кор гирифтаанд. Ин даста аз кишварҳо бар ин боваранд, ки пеш аз истиқлол ҳамгароӣ бо Шарқ ва Русияро беш аз ҳафт даҳсола таҷриба кардаанд. Ба ҳамин далел мебоист ҳамгароӣ бо Ғарбро дар дастури кори худ қарор диҳанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ осибпазирии болое нисбат ба хатари терроризм ва ифротгароӣ доранд. Аммо бесуботӣ дар Афғонистон ва бархурдорӣ аз марзи муштараки бархе аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, ҳамвора хатари гуруҳҳои ситезаҷӯ ва ифротгароро ба раҳбарони ин кишварҳо ёдоварӣ мекунад. Дар айни ҳол кишварҳои Осиёи Марказӣ худ аз вуҷуди ҷамъияти билқуввае ранҷ мебаранд, ки нишон додааст аз омодагии лозим барои пайвастан ба ташкилоти террористӣ ва ифротӣ бархурдор аст. Ба ҳамин далел аст, ки кишварҳои узв мебоист ҳамкории муштарак дар чорчуби Ҷомеаи Ҳамсудро муғтанам бидонанд.