Оҳуҳои қирғизистонӣ ба Қазоқистон мераванд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i48426-Оҳуҳои_қирғизистонӣ_ба_Қазоқистон_мераванд
Қирғизистон бо ҳадафи зиёдшудани насл ва афзоиши ҷамъияти оҳуҳо да ин кишвар аз кишвари Қазоқистон 50 ғазол (оҳу) амонат гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2019 16:03 Asia/Dushanbe
  • Оҳуҳои қирғизистонӣ ба Қазоқистон мераванд

Қирғизистон бо ҳадафи зиёдшудани насл ва афзоиши ҷамъияти оҳуҳо да ин кишвар аз кишвари Қазоқистон 50 ғазол (оҳу) амонат гирифт.

Ба нақл аз ИРНО, мақомоти Қирғизистон мехоҳанд оҳуҳои қазоқистониро дар соҳили шимолии Иссиқкул ва минтақаҳои дигар аз ин кишвар, ки барои сукунати оҳу муносиб аст раҳо кунанд.

Мираслав Амонқулов раиси Созмони ҳифзи муҳити зисти Қирғизистон гуфт, даҳаҳои сӣ то ҳафтодум асри пурбори оҳу дар ин маконҳо буд ва шумори зиёде оҳу дар ин минтақаҳои Қирғизистон зист мекарданд, аммо дар даҳаҳои ҳаштод то навад шумори онҳо якбора кам шуд ба тавре, ки ҳамакнун дар Иссиқкул оҳуе дида намешавад.

Бар ҳамин асос байни Қирғизистон ва Қазоқистон тавофуқномаи интиқоли 50 оҳу барои таксири насли ин ҳайвон ба имзо расидааст.

Барои шикори ҳар оҳу дар Қирғизистон як миллион сом ҷарима пешбинӣ шудааст.