Ноябр 23, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Қазоқистон бо сафирони Иттиҳодияи Аврупо

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ин кишвар дидор карданд.

Ба нақл аз Форс, Мухтор Тлувбердӣ дар ибтидои ин мулоқот хотирнишон кард ; Қазоқистон аз мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо,ки машмули гуфтмони фаъоли сиёсӣ, тиҷорати мутақобил ва ҷазби сармоягузории мустақим аст, қадрдонӣ мекунад.

Вай аз тасвиби тавофуқномаи мушорикат ва ҳамкории густарда миёни Қазоқистон ва Иттиҳодияи Аврупо  тавассути тамоми 28 кишвари узви ин Иттиҳодия ва стратегиии нави иттиҳодияи Аврупо барои ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ истиқбол кард.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба иҷроии натиҷаҳои сафари расмии Доналд Туск раиси Шӯрои Аврупо ба Нурсултон дар моҳи соли ҷории милодӣ аз ҷумла тавофуқоти дуҷонибаи вай бо нахустин ва ҳамчунин раиси ҷумҳури феълии Қазоқистон матраҳ шуд.

 Вазири умури хориҷаи Қазоқистон аз шарикони аврупоии худ хост то бо тамаркуз ба алоқамандии ин кишвар барои таъмиқи робитаҳои ҳамаҷониба дар заминаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, лаҷастик, муҳити зист,омӯзиш, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ҳамчунин ҳимоят аз тиҷорати кучак ва мутавасит ба таври фаъол ҳамкорӣ кунанд.

Дар поёни ин мулоқот Стив Орлов Карлсон раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо аз ҷаласаҳо ва мулоқотҳои мустамар бо дипламатҳои аврупоӣ дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ таҳти раёсати Аскар Мумин нахуствазири Қазоқистонро мусбат арзёбӣ кард.

Дар Қазоқистон беш аз 14 ҳазор ширкат бо мушорикати Аврупо ва беш аз 2 ҳазор ширкати муштарак сабти ном шудааст.

 

Барчасп