Дидор ва тавофуқи мақомоти кишварҳо, роҳ ҳали ихтилофҳои марзӣ дар Осиёи марказӣ
(last modified 2020-01-04T05:03:22+00:00 )
Январ 04, 2020 10:03 Asia/Dushanbe
  • Дидор ва тавофуқи мақомоти кишварҳо, роҳ ҳали ихтилофҳои марзӣ дар Осиёи марказӣ

Мудири маркази пажуҳишии масоили Осиёи марказӣ ва Қафқоз муътақид аст яке аз роҳҳои поёни ихтилофҳои марзии 5 кишвари Осиёи марказӣ баррасии ин мавзуъ дар дидори муштараки сарони ин Ҷумҳуриҳо аст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Станислав Притчин гуфт ; пас аз рӯи кор омадани  Шавкат Мирзоев дар Узбакистон вай мувафақ шуд бо ибтикори амали ду дидори сарони кишварҳои Осиёи марказиро дар шаҳрҳои Нурсултон ва Тошканд баргузор кунад.

Ин иқдом муҷиби коҳиши танишҳои сиёсии пешин миёни сарони кишварҳои Осиёи марказӣ бар сари масоили сиёсӣ,марзӣ, об ва энержӣ ва ҳамлу нақл дар минтақа шуд,ки заминаи идомаи ин гуфтугуҳои созандаро фароҳам кард.

 Мудири маркази пажуҳишии масоили Осиёи марказӣ ва Қафқоз вобаста ба фарҳангистони улуми Русия афзуд ; аз ин рӯ ибтикори раиси ҷумҳурии Узбакистон, шароит барои поён додан ба ихтилофҳои марзӣ миёни ин кишвар бо Тоҷикистонро низ фароҳам кард.

Ӯ гуфт ; ин гуфтугуҳо боис шуд тамоми 16 гузаргоҳи муштараки марзии ин ду ҷумҳурӣ пас аз 17 сол дубора бозкушоӣ шавад.

 Аз дидгоҳи Притчин бояд аз ин таҷриба барои поён додан ба ихтилофҳои марзии феълӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истифода кард.

 Бо вуҷуди музокираҳои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 киллометрии ду кишвар дар 25 соли гузашта фақат 520 киллометр аз марзи ду кишвар аломатгузорӣ шудааст.

Барчасп