Корона марзи Узбакистону Афғонистонро ҳам баст
Март 03, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
Узбакистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз интиқоли вируси корона марзи худ бо Афғонистонро баст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, масъулони маҳаллии Балх мегӯянд, мақомоти Узбакистон аз рӯзи душанбе вуруд аз Афғонистон ба кишварашонро манъ кардаанд.
Утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон нигарони баста шудани бандари Ҳайратон аст, ки дар шимоли вилояти Балх ва марз бо Узбакистон воқеъ шудааст ва аз муҳимтарин бандаргоҳҳои тиҷории Афғонистон ба шумор меравад.
Роҳи Ҳайратон яке аз амнтарин роҳҳои тиҷории Афғонистон дар ҳама солҳои ҷанги дохилии ин кишвар будааст.
Барчасп