Март 13, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Таътилии мактабҳо ва донишгоҳҳои Қазоқистон ба иллати паҳншавии вируси корона  

Давлати Қазоқистон аз таътилии мактабҳову донишгоҳҳои ин кишвар ба сабаби паҳншавии вируси корона хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, давлати Қазоқистон дар баёнияе бо ҳушдор дар мавриди паҳншавии вируси корона эълом кард, аз имрӯз, ҷумъа (сездаҳуми март) то панҷуми апрел, ҳамаи макотибу донишгоҳҳо дар Қазоқистон таътил ҳастанд.

Ҳамчунин ҳамаи гирдиҳамоиҳо, консертҳо ва ҷаласоти умумӣ дар ин кишвар лағв ва бузургтарин бозори Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон низ таътил шуд.

Бо ин баёнияи давлати Қазоқистон, мардуми ин кишвар барои хариди маҳсулоти ғизоӣ ба марокизи харид, фурӯшгоҳҳо ва супермаркетҳо ҳуҷум оварданд, ба наҳве ки бисёре аз фурӯшгоҳҳо холӣ аз аҷнос шудааст.

Давлати Қазоқистон ҳанӯз оморе аз афроди бемор ва ё фавтшуда бар асари вируси корона эълом накардааст.

Давлати Қирғизистон ҳам эълом кард, ба далели шуюъи вируси корона, вуруди мусофирон аз Фаронса, Олмон ва Испания ба ин кишвар мамнуъ аст .

 

Барчасп