Март 13, 2020 21:51 Asia/Dushanbe
  • Шарти Узбакистон барои мушорикат дар сохти ду нерӯгоҳ дар Тоҷикистон

Мақомоти Узбакистон барои сармоягузорӣ дар сохти ду нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар Тоҷикистон шарт таъйин карданд.

Ба гузориши “Спутник”, мақомоти Узбакистон пас аз дидори ахир бо мақомоти энержии Тоҷикистон эълом карданд, ки танҳо ба шарте дар сохти нерӯгоҳи барқӣ - обии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, ки кулли барқи тавлидии ин нерӯгоҳ ба Узбакистон интиқол ёбад.

Бар асоси тарҳи Узбакистон, ин кишвар омода аст, ки дар сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди барқӣ - обии мавсум ба “Ёвон” ва “Фондарё” рӯйи рӯдхонаи “Зарафшон”-и Тоҷикистон, ки ҳаммарз бо вилояти Самарқанд аст, 552 миллион доллар сармоягузорӣ кунад, машрут ба ин ки барқи ин ду нерӯгоҳ ба таври комил ба Узбакистон содир шавад.

 Ин ду нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди як миллиарду 400 миллион киловатт соат барқ сохта хоҳад шуд.

Мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар музокироти оянда мавзӯи қимати барқи содиротӣ, мизони сармоягузории муштараки ду кишвар дар сохти ин ду нерӯгоҳ ва масоили ҳифзи муҳити зистро баррасӣ хоҳанд кард.

Тавофуқи Душанбе ва Тошканд бар сари сохти ин ду нерӯгоҳ дар водии Зарафшони Тоҷикистон бо сармоягузории Узбакистон дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар моҳи августи соли 2017 ба даст омадааст.

 

 

 

 

Барчасп