Март 16, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон 21 рӯз ба карантин рафт

Шурои амнияти Қирғизистон барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус карантини бистуякрӯза дар ин кишвар эълом кард.

Ба нақл аз Форс, карантин аз имрӯз оғоз шудааст ва то шашуми апрел идома хоҳад ёфт.

Мактабҳо ва донишгоҳҳои Қирғизистон низ таътил шудаанд ва давлат тавсия кардааст, то кӯдакон низ барои пешгирӣ аз густариши коронавирус дар хонаҳои худ бимонанд.

Ҳамчунин сафарҳои кории мақомоти расмӣ мамнӯъ шудааст.

Сооронбой Жеэнбеков, раисиҷумуҳри Қирғизистон дар Нишасти Шурои амнияти ин кишвар гуфт, ин раванд ба далели  нигарониҳои умумӣ дар бораи ин беморӣ бисёр табиӣ аст.

Илова бар ин Комиссиони марказии интихоботи Қирғизистон аз эҳтимоли ба ақиб афтодани баргузории интихоботи шуроҳҳои шаҳри ин кишвар хабар дод.

Қарор буд интихоботи шуроҳҳои шаҳри Қирғизистон 12 апрел баргузор шавад.

Ситоди марказии пешгирӣ аз  густариши коронавирус дар Қирғизистон назорат бар симатҳои сарҳадӣ, фурудгоҳҳои байналмиллалӣ, бозорҳои дохилӣ ва бемористонҳоро ташдид кардааст.

Барчасп