Оғози карантини 21 рӯза дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51839-Оғози_карантини_21_рӯза_дар_Қирғизистон
Бо тасмими Шӯрои амнияти Қирғизистон карантини 21 рӯза дар ин кишвар эълом шуд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Март 16, 2020 16:27 Asia/Dushanbe
  • Оғози карантини 21 рӯза дар Қирғизистон

Бо тасмими Шӯрои амнияти Қирғизистон карантини 21 рӯза дар ин кишвар эълом шуд.

Ба гузориши Форс, бо тасмими Шӯрои амнияти ҷумҳурии Қирғизистон дар ин кишвар карантини 21 рӯза эълом шуд.

Карантин аз имрӯз оғоз ва то шашуми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Мадорис ва донишгоҳҳо таътил шуданд.

Давлати тавсия кард, то кӯдакон низ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар хонаҳои худ 14 рӯз бимонанд.

Ҳамчунин анҷоми сафарҳои кории мақомоти расмӣ мамнӯъ шуд.

Дар нишасти Шӯрои амнияти Сооронбай  Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, ин пруса ба далели нигарониҳои умумӣ дар бораи ин беморӣ, бисёр табиӣ аст.

Илова бар ин Комиссияи марказии интихобот бо ишора ба баргузории интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ дар саросари кишвар аз баррасии таъвиқи он хабар дод.

Қарор буд, интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ дар таърихи 12 апрел соли ҷорӣ баргузор шавад, аммо бо таваҷҷуҳ ба карантини эҳтимоли лағви интихобот вуҷуд дорад.