Март 18, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Таъвиқи нишасти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон барои сохти нерӯгоҳ

Хурӯҷи коронавирус нишасти масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанберо барои баррасии тарҳи сохти ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон ба замони дигаре гузошт.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, қарор буд ин музокирот дар шаҳри Душанбе охирҳои моҳи март баргузор шавад.

Ба гуфтаи манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон, замони дақиқи баргузории ин музокирот баъдан эълом хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти Узбакистон барои сармоягузорӣ дар сохти ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон шарт таъин карда буданд.

Бар асоси тарҳи Узбакистон, ин кишвар омода аст, ки дар сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди барқи обии мавсум ба "Ёвон" ва "Фондарё" рӯи рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон, ки ҳаммарз бо вилояти Самарқанд аст, 552 миллион доллар сармоягузорӣ кунад, машрут ба ин, ки барқи ин ду нерӯгоҳ ба таври комил ба Узбакистон содир шавад. Ин ду нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди як миллиарду 400 миллион киловатт/соат барқ сохта хоҳад шуд.

  

Барчасп