Март 19, 2020 23:39 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи муваққати иқомаи намози ҷамоат дар Узбакистон

Раиси Идораи мусалмонони Узбакистон эълом кард, иқомаи намози ҷамоат дар Узбакистон дар паи хурӯҷи коронавирус ба таври муваққат мутаваққиф мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Усмонхон Алимов афзуд: Мусалмонони Узбакистон то беҳбуди вазъияти беҳдоштии ношӣ аз хурӯҷи коронавирус, аз намози ҷамоат худдорӣ кунанд.

Алимов таъкид кард: Дар чунин вазъияте афзоиши нархи маводи ғизоӣ, дору ва дигар васоили мавриди ниёз, эҷоди камбуди маснуӣ ва ҳамчунин пахши ахбори ваҳшатомез дар байни мардум шаръан ҳаром аст.

Вазорати беҳдошти Узбакистон рӯзи чоршанбе эълом кард, теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 13 нафар расидааст.