Афзоиши мубталоён ба Корона дар Осёи Марказӣ ва Афғонистон
(last modified 2020-03-25T12:24:19+00:00 )
Март 25, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба Корона дар Осёи Марказӣ ва Афғонистон

Шумораи мубталоён ба вируси Корона дар Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: бо ибтилои ҳафт нафари дигар ба вируси Корона, маҷмуи мубталоён ба Кувиди 19 ба 79 тан афзоиш ёфтааст.

Раиси Ҷумҳури Қазоқистон  дар санаи 15 моҳи март ба манзури пешгири аз Корона дар ин кишвар ҳолати фавқулода эълон кард.

Дар Узбакистон ҳам теъдои мубталоёни Корона ба 55 нафар расидааст, ҳамчунин беш аз 7 ҳазору 400 шаҳрванди узбакистонӣ дар бемористонҳо ва 5 ҳазору 315 нафар дар хона таҳти карантина қарор доранд.

Имрӯз ҳамчунин бо сабти 26 мавриди нави Корона дар минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Қирғисзистон, теъдоди афроди мубтало дар ин кишҷвар ба 42 нафар расидааст, дар байни беморн кӯдаки 6 сола ва навҷавони 14 сола низ вуҷуд дорад.

Шуморои мубталоён ба вируси Корона дар Афғонистон ҳам ба беш аз 70 нафар расидввст.

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълон кард: дар 24 соати гуашта теъдоди беморони мубтало ба Корона бо 32 нафар афзоиш ба 74 нафар расид ва як нафар низ дар вилояти Балх вафот кард.

Вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон сешанбе шаб дар нишасти хабарӣ дар Кобул ҳушдор дод дар сурате, ки мардум таҷамуъҳои худро коҳиш надиҳанд ва масоили беҳдоштиро риоят накунанд 16 миллион афғон ба вируси Корона мубтало мешаванд ва 110 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Барчасп