Апрел 02, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Гумоназанӣ барои баргузории референдум дар Қирғизистон

Бархе аз намояндагони парлумони Қирғизистон дар назар доранд то ҳамзамон бо интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар, ҳамапурсӣ дар мавриди интихоби низоми раёсатҷумҳурӣ ва ё парлумонӣ баргузор кунанд.

Ба гузориши Форс,бархе аз намояндагони парлумони Қирғизистон дар назар доранд то ҳамзамон бо интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар, ҳамапурсӣ дар мавриди низоми раёсатҷумҳурӣ ва ё парлумонӣ баргузор кунанд.

Ин пешниҳод аз сӯи Курманқул Зулушев, намояндаи парлумони Қирғизистон дар рӯзи гузашта эълом шуд, ки тибқи ин қонун мардум бояд байни ҳукумати парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ якеро интихоб кунад.

Бар асоси пешниҳоди ин намоянда, метавон референдуми мазкурро дар таърихи чаҳоруми октябри соли ҷорӣ ҳамзамон бо баргузории интихоботи парлумонӣ барпо кард.

Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи референдум ислоҳоти муртабит дар қонуни асосии ҷумҳурии Қирғизистон сурат мегирад.

Ба назари Зулушев тибқи қонуни асосии феълӣ, ихтиёроти дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва парлумони Қирғизистон бо ҳамдигар бархӯрд доранд ва ниёзи ҷиддӣ барои тақсими онон вуҷуд дорад.

 

Барчасп