Насби дурбинҳои назоратӣ дар манотиқи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Sat, 04 Apr 2020 06:32:07 GMT )
Апрел 04, 2020 11:32 Asia/Dushanbe
  • Насби дурбинҳои назоратӣ дар манотиқи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар масирҳои мунтаҳи ба манотиқи марзи мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар навоҳии Исфара ва Ботканд дурбинҳои назоратӣ ва чироғҳои роҳнамоӣ насб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати вилояти Ботканди Қирғизистон, акнун раванди рафту омади шаҳрвандон ва  мошинҳои ду кишвар дар масирҳои Исфара ба Ворухи Тоҷикистон ва Ботканд ба Астанаи Қирғизистон тавассути дурбинҳои назоратӣ забт ва аз сӯи чироғҳои роҳнамои танзим хоҳад шуд. 
 
 Тавофуқ дар бораи насби ин таҷҳизот дар дидори моҳи январи соли ҷорӣ  Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Алишер Абдураҳмонов раиси вилояти Ботканди Қирғизистон ба даст омада буд. 
 
 Ҳадаф аз ин иқдом таъмини амнияти шаҳрвандони  ду кишвар ва ҷулугирӣ аз даргириҳо бар сарманотиқи мавриди ихтилофи марзӣ унвон шудааст. 
 
 Иттилооти забтшуда тавассути дурбинҳои назоратӣ, заминаи мушаххас кардани авомил ва афроди мухталкунандаи амният дар манотиқи марзи ду кишварро фароҳам месозад. 
 
 Мақомоти ҳукуматӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд таъкид кардаанд, ки бо афроди ғайрибумие, ки ки дар замони бурузи ихтилофот ва танишҳои марзӣ ба интишори ахбори ғайривоқеӣ иқдом мекунанд, ба шиддат бархурд хоҳад шуд. 
 
 Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то кунун 504 километр аз он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. 
 
 Дар як даҳаи охир, музокироти байн и мақомоти 2 кишвар ба натоиҷи матлуб нарсидааст ва ин мавзӯъ ҳамвора боиси бурузи таниш ва ихтилофи  байни сокинони манотиқи марзӣ бар сарзамин, чарогоҳҳо ва манобеи об шудааст.