Апрел 09, 2020 19:41 Asia/Dushanbe
  • Паёмади корона дар Узбакистон ва Тоҷикистон

Иҷрои карантин дар Узбакистон мӯҷиби коҳиши теъдод довталабон барои эҳдои хун ва камбуди захоири хунӣ дар ин кишвар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, марокизи эҳдои хун дар пайи иқдомоти маҳдудияти марбут ба корона дар Узбакистон хилват шуда ва бемористонҳо бо камбуди хуни мавриди ниёз мувоҷиҳ шудаанд.

Бар асоси омор токунун теъдоди мубталоён ба корона дар Узбакистон ба 555 нафар расидааст.

То рӯзи панҷшанбе дар Узбакистон 30 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 3 нафар низ ҷони худро аз даст доданд.

Аз Тоҷикистон ҳам хабар мерасад, ширкати «Сомон эйр»-ин кишвар дар парвозе атбои кишварҳои аврупоиро ба Мюнхени Олмон интиқол додааст.

Хурӯҷи шаҳрвандони аврупоӣ аз Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки бархе сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои гузашта дар мавриди анҷоми чунин парвозе ба шаҳрвандон худ иттило дода буданд.

Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз шуюи вируси корона ва таъмини амнияти шаҳрвандони худ аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалии ин кишварро ба таври муваққат қатъ кардааст.

 

Барчасп