Роҳандозии системаи мушовираи пизишкӣ аз роҳи дур байни Ӯзбакистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i53141-Роҳандозии_системаи_мушовираи_пизишкӣ_аз_роҳи_дур_байни_Ӯзбакистон_ва_Чин
Пизишкони Ӯзбакистон ва Чин як системаи мушовира аз роҳи дур барои дармони беморони олуда ба вируси корона роҳандозӣ карданд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 28, 2020 18:58 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии системаи мушовираи пизишкӣ аз роҳи дур байни Ӯзбакистон ва Чин

Пизишкони Ӯзбакистон ва Чин як системаи мушовира аз роҳи дур барои дармони беморони олуда ба вируси корона роҳандозӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон ба нақл аз Ирна, сафорати Чин дар Ӯзбакистон эълом кард то кунун ду бемористон дар Чин ва 10 бемористон дар Ӯзбакистон ба ин системаи мушовира аз роҳи дур пайвастаанд.

Сафорати Чин дар Узбакистон таъкид кардааст,ки пизишкони узви ин системаи мушорикатӣ дар назар доранд барои тақвияти ҳамкориҳои зидди ҳамагирии корона бо пизишкони бештаре дар ҳар ду кишвар иртиботи муназзам барқарор кунанд.

Чин пеш аз ин низ дору ва васоили пизишкӣ ба ҳамроҳи тими пизишкӣ барои дармони мубталоён ба вируси корона ба Ӯзбакистон фиристода буд.