Дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва раиси ЮНИСЕФ
(last modified 2020-04-29T12:48:16+00:00 )
Апрел 29, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва раиси ЮНИСЕФ

Вазири умури хориҷаи Туркманистон ва сафири Иттиҳодияи Аврупо ва раиси намояндагии Фонди кӯдакони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ишқобод бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Рашид Мередов ва Диего Ройз Алансо рӯзи чаҳоршанбе дар ин дидор ба тавсеаи мусбати ҳамкорӣ байни Туркманистон ва Иттиҳодияи Аврупо тайи солҳои ахир ишора карда ва вазъияти феълӣ ва дурнамои тавсеаи мушорикати чандҷониба дар чорчуби прожаҳо ва стратегияҳои авлавиятдорро баррасӣ карданд.

Тарафайн ҳамчунин, дар мавриди ибтикори Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов- раиси ҷумҳури Туркманистон дар хусуси тазмини ҳамлу нақли байналмиллалӣ дар шароити изтирорӣ ва низ тавсеаи равобит дар заминаи энержӣ ва муносиботи башардӯстона табодули назар карданд.

Аҳдоф ва вазифаҳои стратегияи ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки тайи ин дидор баррасӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон ва раиси намояндагии Фонди кӯдакони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ишқобод  ба ҳамкории муваффақ ва тӯлонимуддати ду тараф ишора ва бар асарбахшии барномаҳое, ки дар сатҳи миллӣ таҳия ва иҷроӣ шуданд, таъкид шуд.