Ройзании мақомоти сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек
(last modified Wed, 17 Jun 2020 16:07:11 GMT )
Июн 17, 2020 21:07 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек

Ройзаниҳои сиёсии мақомоти Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Бишкек баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон аз баргузории ройзаниҳои сиёсии коршиносони қирғиз ва Назирмад Ализода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, дипломатҳои 2 кишвар дар ин нишаст дар мавриди чигунагии баргузории дидор байни мақомоти ду кишвар табодули назар карданд.

Илова бар ин, тарафайн бо ишора ба даргириҳои ахир дар марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бар ҳамкории ду тараф дар мубориза бо густариши иттилооти козиб байни сокинони манотиқи марзӣ, ки боиси таҳрик ба нафрати қавмӣ мешавад, таъкид карданд.

Мақомоти ду кишвар аз аҳамияти вижаи интишори иттилооти воқеӣ дар бораи масоили марзии 2 кишвар бар ҳифзи субот ва созгорӣ байни ду кишвар хабар доданд.

Ҳамчунин тарафайн бар муҷозоти омилони ташдиди вазъият дар манотиқи марзӣ ва мунташиркунандагони иттилоот ва видеоҳои козиб таъкид карданд.

Баргузории ин нишаст дар ҳоле аст, ки даргирҳои марзӣ ҳамвора байни сокинони марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба далоили мухталиф рух медиҳад, ки дар бархе аз мавқеъ боиси захмӣ ва кушта шудани шаҳрвандони ду кишвар мешавад.