Июн 27, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки 1 миллиарддолларии Бонки рушди Осиё ба Қазоқистон

Бонки рушди Осиё ба давлати Қазоқистонр барои коҳиши оқибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин таъсири манфии коронавирус бар ҳавзаи беҳдошт, як миллиард доллар эъто мекунад.

Ин маблағ барои беҳбуди муроқибатҳои беҳдоштӣ, ҳимояти иҷтимоӣ ва беҳбуди иқтисоди Қазоқистон ҳазина хоҳад шуд.

Масатсого Осака, раиси Бонки рушди Осиё, бонки мазкурро шарики калидии Нурсултон дар заминаи тавсиа унвон кард ва гуфт:

Бонки рушди Осиё мутааҳҳид аст, дар ин давраи душвор ба Қазоқистон кӯмак кунад.

Вай афзуд: Ин кӯмаки молӣ имкони коҳиши хурӯҷи коронавирус ва ҳимоят аз иқдомоти давлаати ин кишвар, барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои манфии ин бемории ҳамагирро фароҳам мекунад.