Июл 12, 2020 20:15 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба COVID-19

Нависандаи тоҷики муқими Қирғизистон аз мубтало шудани раиси ҷвмъияти тоҷикони ин кишвар ба коронавирус хабар дод.

Равшанбек Собиров, раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи "Рӯдакӣ", гирифтори коронавирус шудааст. Дар ин бора дар Фейсбук Қодиршоҳи Мурувват, адиби тоҷики муқими Бишкек хабар дод.

Ӯ навишт: "Ҳангоми оғози ин бемории хатарнок, Ҳоҷӣ Равшанбек аз ҳисоби маблағи шахсии худ як миллионсоми қирғизиро барои мубориза ба вирус ва ҷиҳати ёрӣ ба ҳамзабонони ниёзманд равона карданд. Ин шабу рӯз ҳамаи тоҷикони Қирғизистон даст ба дуо бардошта ва аз Яздони пок таманно доранд, ки ин ҷавонмарди сахӣ ва дустдори миллатро ҳар чӣ зудтар аз бистари беморӣ раҳо созад.”

Равшанбек Собиров 50 сол дорад. Ӯ 18 феврали соли 1970 дар деҳаи Ҷонӣ-Ариқи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз соли 2007 роҳбарии Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро бар ӯҳда дорад. Равшанбек Собиров солҳои 2011-2012 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд.

Вай барои ҳифзи забони форсии тоҷикӣ, таъмини ниёзи мадориси тоҷикии Қирғизистон бо китобҳои дарсӣ ва кӯмак ба тоҷикони муқими ин кишвар заҳамоти зиёде ба харҷ медиҳад.

Барчасп