Июл 17, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Равобити дуҷониба - меҳвари гуфтугӯи мақомоти Узбакистон ва Қатар

Вузарои умури хориҷаи Узбакистон ва Қатар дар нишасти видеоӣ чашмандози равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ва шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон бин Ҷосим оли Сонӣ, муовини нахуствазир, вазири умури хориҷаи Қатар дар нишасти видеоӣ чашмандози равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор тарафайн чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи беш аз пеши равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар сохторҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

Вузарои умури хориҷаи Узбакистон ва Қатар ҳамчунин дар мавриди барномаи дидорҳои қарибулвуқуъ дар сутӯҳи мухталиф табодули назар карданд.

Қатар дар таърихи 27 ноябр 1997 мелодӣ бо Узбакистон равобити дипломатӣ барқарор кардааст.