Тадовуми даргирии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ва ояндаи мубҳами муноқишаи Қарабоғ
Бо вуҷуди талошҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ барои коҳиши танишҳои марзӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, даргириҳои тарафайни мутахосим дар хтути тамос ҳамчунон идома дорад.
Дар ин росто, Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон бори дигар неруҳои Арманистонро ба поймолсозии тавофуқномаи оташбас миёни ду кишвар муттаҳам кардааст. Воқиф Даргоҳли- сухангӯи Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон бо муттаҳам кардани неруҳои Арманистон ба поймолсозоии оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, гуфт: Низомиёни арманӣ ба режими оташбас дар минтақаҳои марзӣ пойбанд нестанд.
Ба рағми интишори баёнияҳо ва иттиҳомҳои мутақобил, то кунун мушаххас нашудааст, ки кадом як аз тарафайни мутахосим, нахустинбор дар рӯзи 12 моҳи июл даргириҳои марзиро аз шаҳристони Товуз оғоз кардааст. Шаҳристони Товуз дар минтақаҳои тақрибан шимоли Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дар наздикии марзи Гурҷистон воқеъ аст. Ин шаҳристон дар воқеъ, минтақае роҳбурдӣ барои иқтисоди энержии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия арзёбӣ мешавад. Як саволи асосӣ ин аст, ки чаро даргириҳои марзӣ ин бор аз шаҳристони Товуз оғоз шудааст? Дар ҳақиқат, бархилофи солҳои гузашта, ин нахустинбор аст, ки даргирӣ дар минтақае ғайр аз минтақаҳои мавриди муноқишаи Қарабоғ ва дар минтақаи стратегии Товуз оғоз шудааст.
Ба ҳар ҳол, шаҳристони Товуз ба унвони шоҳроҳи иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ба бозорҳои масрафи энержӣ ва транзит матраҳ аст. Ба хусус, ки тамаркузи хутути лӯлаи интиқоли нафту гази табиӣ аз масири сиёсии Боку- Тифлис – Ҷайҳон ва ҳамчунин хутути роҳи оҳан аз масири Боку - Тифлис – Арзрум матраҳ аст.
Ҷудо аз раванди муноқишаи Қарабоғ, бояд гуфт мушкилоти масири сиёсии интиқоли энержии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки аз сӯи давлатмардони вақти Амрико дар соли 1994 бар давлатмардони вақти Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳмил шудааст, бо гузашти замон беш аз пеш буруз мекунад. Дар ҳоле, ки аз соли 1994, коршиносон ва маҳфилҳои сиёсии мустақил мушкилоти ин масирро борҳо ва борҳо ташреҳ ва табйин кардаанд. Ба ҳар ҳол, бояд гуфт: Ҷумҳурии Озарбойҷон ба рағми бархурдорӣ аз иқтисоди такмаҳсулӣ ва вобастагӣ ба содироти нафту гази табиӣ, ба шиддат ба масири аслӣ ва ноамни интиқоли энержии таҳмилшуда аз сӯи Амрико, вобастааст. Дар айни ҳол, бояд гуфт: Ин нахустинбор таи 26 соли гузаштааст, ки даргирӣ аз хутути интиқоли энержии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз минтақаи Товуз оғоз шудааст. Ин ҳамлаҳоро метавон ба навъе таҳдиди масирҳои интиқоли энержии нафту гази Ҷумҳурии Озарбойҷон қаламдод кард. Ба назар мерасад давлати Боку талош мекунад, таҳдидҳоро ба фурсатҳо табдил кунад. Дар ҳамин иртибот, Элин Сулаймонов- сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки яҳудӣ ва вобаста ба ҷараёни саҳюнизми байналмиллалӣ арзёбӣ мешавад, муътақид аст : Муҳимтарин масъалаи наздикии хутуту лӯлаи интиқоли нафту газ ба маҳалли даргирӣ аст, ки нафту газро ба бозорҳои Исроил, Аврупо ва дигар бозорҳои масраф мерасонанд.
Ин мақоми озарӣ ҳамчунин ба манзури таҳти таъсир қарор додани муноқишаи ҷорӣ, гуфтааст: Чиҳил дарсад аз нафти содиротии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Исроил аз ҳамин масир мунтақил мешавад.
Ба рағми ин изҳори назарҳо, тардиде нест, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон ба далели интиқоли нафту гази худ ба бозорҳои масраф аз масирҳои сиёсӣ, ба шиддат ба ин масири ноамн вобастааст. Ҳатто дар сурати ҳалли муноқишаи Қарабоғ низ мумкин аст давлат ва мардуми мусулмони Ҷумҳурии Озарбойҷон бо оқибатҳои ногувори интиқоли энержӣ аз масирҳои сиёсӣ ва ноамни интиқоли энержӣ, бо мушкилоте мувоҷеҳ шаванд.