Август 06, 2020 12:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории парлумонӣ меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Малайзия

Ҳамкории парлумонӣ меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Малайзия

Равшан Усмонов сафири Узбакистон дар Малайзия бо Азҳар Ҳорун раиси Маҷлиси ин кишвар дидор ва бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои парлумонии байни ду кишвар таъкид карданд.

Ба нақл аз Форс , Усмоноа дар ин дидор рӯнавишти паёми табрики Нуриддинҷон Исмоилов раиси Маҷлиси олии Узбакистонро ба муносибати интихоби вай ба ин симат таслими Ҳорун кард.

Тарафайн дар ин дидор чигунагӣ ва абоди авлавиятдори густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобили Узбакистон ва Малайзияро баррасӣ карданд.

Раиси Маҷлиси Малайзия дар идома аз тавсиа ва таҳкими беш аз пеши робитаҳои Узбакистон ва Малайзия дар заминаҳои тандурустӣ , гардишгарӣ ва омӯзишӣ ҳимоят кард.

Вай таъкид кард ,ки Малайзия ислоҳоти густарда дар дасти анҷом дар Узбакистон бинобар иқтисоди озод ва мудерн , такмили мудирияти давлатӣ дар заминаи қуваи қазоияро арзишманд медонад.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди иқдомҳои дар дасти анҷом бинобар муқобила бо шуюи корона дар ду кишвар табодули назар ва омодагии худро барои ҳамкори дар ин масир эълон карданд.

дар ин дидор бар лузуми густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил байни Созмонҳои қонунгзории ду кишвар таъкид шуд.