Август 08, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон маҳдудиятҳои карантинро бар медорад

Раиси Маҷлиси Сенати Узбакистон гуфт: Маҳдудиятҳои карантин дар ин кишвар ба тадреҷ бекор карда мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Танзила Норбоева- раиси Маҷлиси Сенати Узбакистон дар шашумин иҷлоси ин маҷлис афзуд: Мо бояд равиши зиндагии солим дар байни мардумро ташвиқ кунем ва ҳамзамон бо муолиҷаи беморони мубтало ба корона ба зиндагии одӣ ва тавсеаи иқтисоди кишвар баргардем.

Норбоева таъкид кард: Бояд тамоми заминаҳоро бо чунин вазъияте созгор кард ва зиндагӣ ва фаъолият дар ин шароити душворро ёд гирифт.

Давлати Узбакистон чанде пеш муддати замони карантин дар ин кишварро бо ҳифзи маҳдудиятҳои эъмолшуда то 15 август тамдид карда буд.

Бар асоси охирин хабарҳо ҳудуди 26 ҳазор нафар дар Узбакистон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд.