Август 08, 2020 19:49 Asia/Dushanbe
  • Таъйини марз, муҳимтарин мавзуи ҳамаи дидорҳои сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки дар тамомии дидорҳо бо ҳамтои тоҷикистониаш мавзуи ҳалли ихтилофоти марзӣ матраҳ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Қирғизистон, Сооронбой Жеэнбеков имрӯз дар Бишкек эълом кард, ки нахустин ва муҳимтарин мавзуъ дар тамомии дидорҳояш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баҳси поён додан ба ихтилофоти марзии ду кишвар аст.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон муътақид аст, ки дар солҳои ахир дар музокироти дуҷониба бо Тоҷикистон барои ниҳоӣ кардани созишномаи нишонагузории марзи муштарак пешрафтҳое ба даст омада, аммо ба далели вуҷуди ихтилофоти шадид бар сари нишонагузории бархе аз минтақаҳо то расидан ба тавофуқ ҳануз ҳам фосилаи зиёде вуҷуд дорад.

Жеэнбеков афзуд: Даргириҳо, ки  ҳар аз чанд гоҳ  миёни сокинони минтақаҳои марзии ду кишвар рух медиҳад бештар решаи иҷтимоӣ дорад.

Дар паи ду маврид тирпаронӣ, ки ахиран дар минтақаи мавриди ихтилофи ду кишвар дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд рух дод, як сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон кушта шуд ва ду шаҳрванди Қирғизистон низ захм бардоштанд.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст. 

Барчасп