Август 12, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Оқибати қочоқи сақич аз Тоҷикистон ба Қирғизистон

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як шаҳрванди тоҷики ин кишварро ба иттиҳоми қочоқи 168 ҳазор адад сақич аз Тоҷикистон ба ду сол зиндон ва пардохти 40 ҳазор суми қирғизӣ ҷарима маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИпресс, ин фард бо истифода аз бахши ҳануз аломатгузоринашудаи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон иқдом ба қочоқи 168 ҳазор адад сақич аз Тоҷикистон карда, ки акнун ба зиндон ва пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудааст.

Кумитаи давлатии гумруки Қирғизистон арзиши молии ин теъдод сақичро 9 ҳазору 800 доллар баровард карда ва ин иқдомро поймолсозии муқаррароти гумругии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё донистааст.

Ба далели аломатгузорӣ нашудани марзи муштараки 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд шаҳрвандони ин ду кишвар даст ба қочоқи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва мева ва хушкмева мезананд.

 

 

Барчасп